Имрӯз дар амфитеатри ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ–маърифатӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолон, омӯзгорон, занону ҷавонон ва сокинони ноҳия баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, зимни он аҳамияти оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа ва мактаби аввалини тарбияи инсон таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими институти оила, тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа заминаи устувори рушди ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ озмунҳои «Оилаи намунавӣ» ва «Фарзанди беҳтарин» баргузор гардида, оилаҳои фаъолу намунавӣ ва фарзандони соҳибистеъдод аз ҷониби масъулин бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия манзури ҳозирин гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба таҳкими арзишҳои оиладорӣ ва тарбияи насли шоистаи ҷомеа арзёбӣ гардид.

