09 майи соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар як қатор хатсайрҳои нави сайёҳӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар доираи ин ташаббус намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва блогерон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат сафар намуданд.
Ҳадафи асосии ташкили хатсайрҳои мазкур муаррифии имкониятҳои бойи сайёҳии мамлакат, баланд бардоштани таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба саёҳати дохилӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад.
Дар доираи ин сафарҳо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои фарҳангиву иқтисодии ноҳия дидан намуд.
Ҳамзамон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздид аз имкониятҳои мавҷудаи сайёҳии ноҳия, барои ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди инфрасохтори соҳа табодули назар анҷом доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар самти рушди сайёҳӣ, муаррифии захираҳои табиӣ ва таърихиву фарҳангии ноҳия, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

