23 апрели соли 2026 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳ.Ҳ. ҷаласаи навбатии кории Комиссия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Комиссия аз ҳисоби мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва намояндаи рӯзномаи ноҳиявии Оинаи Рашт ширакат варзиданд. Ҳамзамон дар рафти кори ҷаласа иҷрои талабоҳои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 марти соли 2026, № 1145 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)”, мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуда, дар ин хусус баромади ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия шунида шуданд. Ба аъзоёни Комиссия дастур дода шуд, ки дар раванди татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ бетарафӣ зоҳир накарда, барои аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, паст намудани шиддати коррупсия дар ноҳия саҳмгузор бошанд.
Сабтҳои охирин
АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ВАТАН
Санаи 22.02.2024 дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, устодону донишҷӯён, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи хуқуқ дар сатҳи баланди ташкили доир гардид. Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина […]
Ифтитоҳи бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тагоба дар ноҳияи Рашт бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 сентябри соли 2019 дар маросими кушодашавии бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тагоба раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод, Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев иштирок доштанд. Гуфта мешавад, ки зимни дастуру […]
АЗ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ СИПОСГУЗОРАНД
Аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробараи расондани кумак ба осебдидагони залзилаи рӯзи 13 апрел дар ҳудуди ноҳияи Рашт аз ҷумла маводи ғизоӣ, хайма ва масолеҳи сохтмонӣ, инчуни ба Ҷамоати деҳоти Аскалон автомошинаи тамғаи “Нива” тақдим карда шуд. Сокинони аз зилзила зарадидаи деҳоти Аскалон ва дастгоҳи ҷамоати деҳот ба директори […]

