Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ОҒОЗИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Бо фаро расидани фасли баҳор  дар ноҳияи Рашт мавсими кишти картошка  оғоз гардид. Ин иқдом дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ карда мешавад.
Кишоварзони ноҳия бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва тухмиҳои хушсифат, ба кишти картошка бо руҳияи баланд ва масъулияти ҷиддӣ шурӯъ намудаанд. Тибқи иттилои масъулини соҳа, дар соли ҷорӣ майдони кишти картошка дар муқоиса ба солҳои гузашта зиёд гардида, барои ба даст овардани ҳосили фаровон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аз фаъолияти пурсамари кишоварзон дастгирӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.
Итминон аст, ки бо саъю кӯшиши аҳлонаи кишоварзон ва истифодаи самараноки захираҳо, дар соли ҷорӣ истеҳсоли картошка дар ноҳия афзоиш ёфта, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ саҳми назаррас гузошта мешавад.