13 марти соли 2026 дар ноҳияи Рашт бо ташаббуси Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврузи байналмилалӣ ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ин иқдом кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои хоҷагии халқ фаъолона иштирок карданд.
Ҳашар дар доираи дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, барои баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, беҳдошти муҳити зист ва сабзу хуррам гардонидани маҳал аҳамияти махсус дорад.
Зикр гардид, ки аз ҷониби шахси ватандӯст меҳнатдӯст Маҳмаҷонзода Сайдаҳмад ба ноҳия зиёда аз 15 000 гули садбарг дастрас шуда, онҳо дар шафати роҳҳо ва назди ташкилоту муассисаҳо шинонида шуданд.
Ин иқдом намунаи равшани ҳамкории мақомоти иҷроия ва аҳолӣ буда, барои таҳкими фарҳанги ободонӣ ва эҳтироми муҳити зист дар ноҳия аҳамияти бузург дорад.


