Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАЪСИСЁБИИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 23 феврал дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин сана ба таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон иртибот дошта, яке аз муҳимтарин рӯзҳои таърихии давлати соҳибистиқлоли мо маҳсуб меёбад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифаи бунёди сохторҳои мустақили давлатӣ, аз ҷумла таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро гузошт. Дар чунин шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ зарурати таъсиси артиши миллӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини субот ва амнияти ҷомеа ба миён омад.
Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман таъсис дода шуданд. Ин иқдом заминаи устувор барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар гардид.
Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ, Артиши миллӣ роҳи пуршарафи ташаккул ва рушдро тай намуд. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввал, хизматчиёни ҳарбӣ бо садоқат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва оромии ҷомеа саҳми арзанда гузоштанд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба як ниҳоди пуриқтидор ва муназзами ҳарбӣ табдил ёфта, бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд.
Ҳамасола дар ин рӯз дар тамоми воҳидҳои низомӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои тантанавӣ, ҷамъомадҳои идона ва маросимҳои савгандёдкунии сарбозон баргузор мегарданд. Ин сана рамзи ҷасорат, матонат ва садоқати фарзандони Ватан ба ҳисоб рафта, эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбиро тақвият мебахшад.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо иди низомиён, балки иди тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Зеро сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар маҳз бо заҳмату фидокориҳои афсарону сарбозони шуҷоъ таъмин мегардад.
Таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан буда, ҷавононро ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳидоят менамояд.