Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке аз фазилатҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст. Вобаста ба ин, дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо барои 70 нафар маъюбону, ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ, аз қабили шириниҳо тақдим карда шуд. Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.
Сабтҳои охирин
ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНОНИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ВАҲДАТИ МОДАРОН- САОДАТИ ТОҶИКИСТОН» ДАР НОҲИЯИ РАШТ.
Санаи 19 июни соли 2024 дар чашмаи Навдонак истиқболи самими иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдати модарон–саодати Тоҷикистон» зери роҳбарии муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайриниссо Юсуфӣ баргузор гардид.
МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА: “ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА”
Ҳафтаи сипаригардида раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бо интихобкунандагони хеш вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрие, ки 14 январи соли равон дар кохи фарҳанги шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт баргузор гардид, оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии […]
БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ АЗ МАҲАЛЛИ ЗАРАРДИДАИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ДЕҲАИ ШУЛОНАК
Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз маҳалли фаромадани сел дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт боздид ба амал оварданд. Зимни боздид раиси ноҳия бо вазъи баамаломада аз наздик шинос шуда, ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, расонидани кӯмакҳои саривақтӣ ва […]

