Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

   МАЪЮБОН  ДАСТГИРӢ  МЕЁБАНД

   Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке аз фазилатҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад.  Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст.  Вобаста ба ин, дар арафаи Соли нави мелодӣ  аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо туҳфаҳои солинавӣ, аз қабили шириниҳо ва маводҳои хӯрока ба маъюбону камбизоатон ва шахсони эҳтиёҷдошта тақдим карда шуд.