Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди муассисаҳои томактабӣ дар тамоми қаламрави кишвар вусъати тоза касб кардааст.
Ин аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллию сокинони ватандӯст дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Рашт бунёди сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бомаром ҷараён дорад.
Шаҳобудин Бозоров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” дар ин масъала иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар тобеияти шуъбаи маорифи ноҳия 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 417 тарбиятгиранда фаъолият дошта, дар арафаи соли нави таҳсили дар пеш истода бунёди 7 муассисаи таҳсилоти томактабии дигар анҷом меёбад.
Ҳамчунин, дар доираи “Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ барои солҳои 2025-2027” дар назди 91 муассисаи таҳсилоти умумӣ 115 гурӯҳи инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 2686 нафар кӯдакони синни 5-6 сола фаъолият намуда, 95 мураббӣ ба тарбияи онҳо машғул аст.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон моҳи сентябри соли сипаришуда ба ноҳия дар деҳаҳои Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва Нимичи Ҷамоати деҳоти Ҷафр муассисаҳои таҳсилоти томактабии №8 ва №9-ро ифтитоҳ бахшида, баҳри рушди ин зинаи таҳсилот ба роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
– Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла соҳибкорони муваффақи диёр ҷиҳати муҳайё намудани шароити мувофиқ барои таҳсил ва фароғати кӯдакони синни томактабӣ ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ҳам дар гурӯҳҳои инкишофи барвақтии кӯдак ҳамвора тадбиҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд. Чунин ғамхориҳои пайваста, ки дар заминаи ҳидоятҳои Пешвои миллат роҳандозӣ гардидаанд, шароит фароҳам меоранд, ки дар ноҳия зинаи таҳсилоти томактабӣ рушд намояд, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ш. Бозоров.

