Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ  АТТЕСТАТСИЯИ  НАВБАТӢ  ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ  

     Санаи 02 декабри  соли 2024 аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи хизмати давлатӣбо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад.

    Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣва қарори раиси ноҳияи Рашт аз

15-уми октябри  соли 2024    № 465  аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ санаи 2-уми декабри соли 2024  дар ноҳия баргузор гардид.

    Дар аттестатсия раиси комиссия,  раиси ноҳияи Рашт  Идизода Зарина Фузайлшо, намояндаи  Агентии хизмати давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Амиршоева С.А.  ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намудаанд.