Ҷашни Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошҳта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Дар таҷлили ин ҷашн, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, муовини якуми Вазорати Кишоварзи Асозода Нуралӣ Маҳмадулло аз дастовардҳоикишоварзони ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ дидан намуда, иштирокдорони тантанаро ба ҷашни Меҳргон табрик намуданд.
Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар ин ҷашн фаъолона иштирок карда маҳсулотҳои, гўшту шир, меваҷот, сабзавот, асал, мураббо ва афшураю нўшокиҳои ташнашиканро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар фарҷом иди Меҳргонро барномаи консертӣ, суруду навои дилошуби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия боз ҳам хушу дилписанд ва хотирмон гардонд.