Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАЪМИНИ МОДАРИ САРБОЗИ ВАТАН  АБДУҒАНӢ ДАВЛАТ БО МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ

  Абдуғании Давлат аз шумори сарбозони далеру шуҷои Ватан буд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар аз дасти хоинон ва душманони миллати тоҷик ба шаҳодат расид.

Барои корнамоии бемисл дар ҳифзи сарҳад ва безарар гардонидани душманони миллат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордениШараф” (пас аз марг) сарфароз гардонида шуд.

  Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт кӯчаи Махсумӣ шаҳраки Ғарм бо номи сарбози шуҷои Ватан Абдуғании Давлат гузошта шуд.

Бо иқдом ва ибтикори раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшоҳ барои модари Абдуғании Давлат, Сатторова Зуҳро хонаи истиқоматӣ сохта шуда, бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ба модари қаҳрамон тақдим карда шуд.