4 сентябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато бо шукӯҳу шаҳомтаи хос баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфта, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аҳли нишастро ба ин муносибат шодбош гуфт ва роҷеъ ба дастовардҳои ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ изҳори назар кард.
Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато низ риштаи суханро ба даст гирифта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт ва дар хусуси иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад.
Мавсуф дар охири баромадаш ба ду нафар фаъолони ноҳия: мудири шуъбаи минтақавии бонки миллӣ дар шаҳраки Ғарм Мустафо Ниёзов ва муовини сардори муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт Маъдихуҷа Ширинов, ки бо мукофоти давлатии Медали хизмати шоиста сарфароз гардида буданд, нишону ҳуҷҷатҳояшонро супорид.
Аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор фаъолони касбу кори гуногун, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми назаррас гузошта буданд, сипосномаю туҳфаҳо тақдим гардид.