Муҳимтарин вазифаи мактаб ваҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин дарки равшани арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ин вазифа бояд тамоми низоми таълиму тарбияро фаро гирад-таъкид намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо дарки ин маънӣ дар доираи сафари кории Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт, аз тарафи масъулини Вазоратҳо, Кумитаҳо ва идораҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки роҳбари аввали ноҳия биноҳои хуштарҳу замонавии муассисаҳои таълимии №7 деҳаи Шулмак деҳоти Боқӣ Раҳимзода, №61 деҳаи Шаҳринави деҳоти Қалъанак, бинои иловагии боғчаи бачагонаи №1 шаҳраки Ғарм, майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Ҳалқарф ва деҳаи Баҳористон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Инчунин, бинои маркази саломатӣ дар деҳаи Шулмак ва маркази таъмири техникаҳои соҳаи кишоварзӣ дар деҳаи Кӯлоба сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.