Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

СИМОИ РАШТ ДИГАР МЕШАВАД

Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо корҳои ободонию созандагӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вусъати тоза касб карда, пайи ҳам биноҳои хуштарҳи замонавӣ қомат афрохта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ  тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтани 307 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ дар назар мебошад.

Аз ин шумора 39 иншоот ба соҳаи маориф, 15 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 34 иншоот ба соҳаи варзиш, 69 иншоот ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тааллуқ дошта, боқимонда 17 лоиҳаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматӣ, 18 лоиҳаи таъмир ва мумфарш кардани роҳҳо, 36  хати оби нӯшокӣ ва  чоҳи амудӣ, 6 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 5 иншооти соҳаи барқтаъминкунӣ, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, 3 фермаи мурғрпаварӣ, 1 фермаи чорводорӣ, 2 сардхона ва 33 иншооти дигари  соҳаи хизатрсонӣ вориди нақша мебошад.

То имрӯз аз он 129 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар  146 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Бо итминон метавон гуфт, кибунёди иншоотҳо ба некуаҳволии мардуми маҳал мусоидат намуда, симои ноҳияро ба куллӣ тайир хоҳанд дод.