Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ  РАШТ АЗ  БЕМОРХОНАИ МИНТАҚАВИИ  ШАҲРАКИ НАВОБОД

    30 май соли 2024, раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо  зимни сафари корӣ дар шаҳраки Навобод  аз Беморхонаи марказии ноҳия дидан намуд.

   Раиси ноҳия  нахуст аз шуъбаҳои бемориҳо дидан намуда, бо шароити хизматрасонии тиббӣ шиносоӣ пайдо карданд.

  Инчунин бо мудирони шуъбаҳои беморхона суҳбат ороста, дастур доданд, ки ба мардум хизмати босифату софдилона расонанд. Гуфта шуд‚ ки  табибон пайваста ғамхори мардуманд ва мебояд дар муносибат бо беморон доимо рисолати касбии  хешро адо  намоянд‚ чунки аксари сокинони ноҳия ба беморхонаи мазкур барои табобат муроҷиат мекунанд.

   Идизода Зарина, раиси ноҳия  оид ба корҳои сабзу хуррамгардонии дохили беморхона изҳори назар карда, таъкид намуданд‚ ки дар шинонидани гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкан корҳо вусъат дода шавад. Таъкид шуд, ки аз кӯчактарин имконият истифода бурда, дар корҳои ободониву  созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳиссагузор  бошанд.