Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НАВРӮЗИ-БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ҶАШНИ МИЛЛИЮ    ФАРҲАНГИИ МОСТ.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ тавваҷуҳи хосса диҳадва барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намояд.
Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни наврӯз миёни ардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми калидӣ дорад.Ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани бузургии он мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ гуфтаанд:

“ Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии “ Наврӯз муборак!” табрик мекунанд. Ин нуқта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст”.

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст дар байни халқияту миллатҳои ҷаҳон чандин ҷашнҳои бо шукӯҳ мавҷуданд, ки қариб ҳамаи онҳо сароғоз дар сатҳи ин ва ё он халқият ба вуҷуд омада, баъдан бо дарки моҳияти худ бо гузашти ақём дар миқёси чандин мамлакат ва ё дар сатҳи байналмиллалӣ ҷашн гирифта мешаванд, иди Наврӯз низ аз ҷумлаи онҳост. Яъне иди Наврӯз дар ибтидои пайдоиши худ миёни мардуми ориёӣ, хоса Тоҷикон тибқи фарҳанги ба худ хос ба вуҷуд омада, то ба ин ҷониб дар тули ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни мардумӣ, иди офариниши оламу одам, эҳё ва ё растохези табиат, поксозии зоҳиру ботини инсонӣ, ҷашни лутфу марҳамат, садоқату латофат, оғози ҳаёти нав, ҷашни башардӯстӣ ва ғайраҳо новобаста аз истилоҳҳои аҷнабиён дар марҳилаҳои ҷудогонаи таърихӣ, бо як шаҳомату шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуда, баъдан ба яке аз ҷашнҳои бо шукӯҳи байналмиллалӣ табдил ёфтааст.

Бигузор дар ин ҷашни мардумӣ, чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, мардуми тоҷик, аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд  ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои худ берун андозанд.

МИРЗОВАЛӢ ЛАТИФОВ.

Мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.