Дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода мешавад. Санаи 10-сентябр соли равон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдуллоев Соибҷон Салоҳуддинович раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар ноҳияи Рашт биноҳои иловагӣ муассисаҳои таълимии мавриди истифода қарор гирифтанд.