Чорабинии ноҳиявӣ ба истиқболи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли равон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Маркази ноҳия – шаҳраки Ғарм он рӯз фазои идона ба бар дошт. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 27 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев дар кушодашавии иншооти мутазаккира иштирок намуданд.
Деҳқонони ноҳия дар майдони марказии шаҳраки Ғарм намоиши маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузошта, намоиши дастаи варзишгарон дар роҳи шафати бозори марказӣ ва “Файзи кӯҳсор” сурат гирифт. Дар назди даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарм тамошобинон аз дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.
Чорабинии тантанавиро дар Флармонияи боғи фарҳангӣ-фароғатии марказӣ муовини раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр Сайъалӣ кушода, ҳозиринро шодбош гуфт.
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода номаи шодбошии худро ба муносибати 32- солагии Истиқлоли давлатии кишвар ироа кард.
Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Соҳибҷон Зиёдуллоев аҳли нишаст ва тамоми сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодбош гуфт. Мавсуф зимни баромадаш зикр кард, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сохтмон, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, рушди сайёҳӣ, варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаву созандаи Роҳбари давлат корҳои зиёде ба анҷом расиданд.
Ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон софдилона заҳмат кашида ва ба хотири анҷом додани иқдоми созанда ташаббусҳои ватандӯстона нишон медиҳанд.
Инчунин мудири бахши фарҳанги ноҳия Зумрат Лоиқова бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонда шуда, беш аз 50 нафари дигар бо сипосномаю ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонда шуданд.
Дар охир аз тарафи кормандони бахши Фарҳанги ноҳия консерти идона баргузор гардид, ки табъи тамошобинонро болида гардонд.
Дар фаровард дастаи ҳаваскорони қасри фарҳанги ноҳия дар якҷоягӣ бо ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Ҷовидон Нозимов ва Шаҳло Ҳафизова намоиши хуби театрикунонидашудаеро манзури ҳозирин намуданд.