Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Филиали №76 Корхонаи воҳиди давлатии «бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 ва талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 «Оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» бо сарпарастии Сардори шуъбаи махсуси Раёсати «КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Ҳотамбеков Раҳимбек – дар ҳузури Муовини Раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷи ва роҳбарони идораю, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии ноҳия, ки хизматрасониҳои пулакиро пешниҳод менамоянд, семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар рафти семинар аз ҷониби Ҳотамбеков Раҳимбек, ки  барои ташриф ба ноҳия ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 ва талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри 2022«Оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ташриф оварда ба роҳбарони корхона ва ташкилотҳои ноҳияи Рашт тартиби ба тариқи ғайринақди гузаштани фаъолияти бонкро, аз он ҷумла «Замимаи барномаи Амонат-мобайл, POS-Терминалҳо, QR-Рамзҳо ва низоми бонкии фосилавии «Интернет-Бонк» муаррифӣ (презентатсия) муарифӣ гардид.

Дар охир ба унвони роҳбарияти  «КВД БА ҶТ «Амонатбонк» аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳиябарои ҳамкориҳои судманд сипоснома тақдим карда шуд.