Маъракаи гусели наваскарон ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” бо шукӯҳу шаҳомати хос сурат гирифт. Дар майдони комиссариати ҳарбии ноҳия 130 даъватшаванда либоси якхела ба бар намуда, барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гаштанд.
Дар иртибот ба ин, дар толори кохи фарҳанги ноҳия маъракаи бошукӯҳу шаҳомати фарҳангӣ доир гардид.
Зарина Идизода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, маросими тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, аҳли ҷамоатчигии ноҳияро ба ин ҷамъомади бошукӯҳ хайрамақдам гуфт.
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин маъракаи пуршукӯҳ ба сухан баромада, пиромуни ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон изҳори назар кард. Зимнан иброз дошт, ки боиси қаноатмандист, ҷавонони ноҳия пеш аз ҳама, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашро эҳсос менамоянд. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки ҳаёти сарбозии имрӯза аз ҳама гуна замонҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Имрӯз ҷавонони мо дар қисмҳои низомии кишвар танҳо ба хотири ҳимояи марзу бумамон, бақои давлатӣ миллӣ ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ хизмат мекунанд. Дар он ҷо ҳама чун фарзандони як модаранд. Камбудию норасоие дар ҳаёти сарбозӣ ба чашм намерасад. Ҳамаи шароитҳои моддию маънавӣ барои сарбозон муҳайёст. Ҷавонони мо набояд фаромӯш кунанд, ки дар кадом қисми низомие, ки хизматро адо менамоянд, дӯстдори ватану сарзамини биҳиштосои худ бошанд. Ба ҳар яки онҳо андарзи падарона медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, худшиносу худогоҳ бошанд. Фирефтаи суханҳои ҳар нохалафе нашаванд. Ҳар қазияро на сарсариву бидуни андеша, балки аз зовияи ақлу хирад ва дурандешӣ кор бигиранд. Зеро танҳо андешаи солим, дӯст доштани ватану миллат ва дӯст доштани ҳар зарра хоки Тоҷикистони азиз ҷавонони миллатро ба манзили мақсуд мерасонад.
Баъди суханрониии раиси ноҳия ба ҳамаи наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Дар фароварди ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуданд.