Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Президент дар ноҳияи Рашт

Нимаи дуюми рӯзи 15 ноябри соли 2019 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи “Рӯзи Президент”  бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои эҷодии хонандагону омӯзгорон ва ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Ҷамъомад бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев, Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Усмонзода Фатҳиддин, Мушовири дараҷаи 1 Пурокрори ноҳияи Рашт Талбакзода Шоҳин, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Идизода Файзалӣ,  муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  инчунин фаъолон  ва  директорону   омўзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар як сатҳи баланди сиёсию фарҳанги баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия Идиева Зарина баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷуҳурии Тоҷикистон ҷамъомадро кушода эълон намуд.

Сипас раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизодда ба сухан баромада,  иштирокчиёнро  ба муносибати  ҷашни Рӯзи Президент ва 27-умин солгарди Ичлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, зикр намуданд, ки  16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеаи таърихӣ – оғози кори Иҷлосияи наҷотбахши миллат оғоз ёфт, ки он минбаъд ба тақдири Тоҷикистону тоҷикистониён сахт пайванд гирифт. Иҷлосияи наҷотбахши Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барўманди халқи тоҷик, эҳёгари давлати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба давлати Тоҷикистонро дода, ҳамзамон ба дўши ў вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро гузошт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шудан ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии интизоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври  оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу суббот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».

Сарвари кишвар ҳамчун парчамбардори номуси миллат на танҳо дар раванди эҳёи миллӣ кўшиш намуданд, балки дар муттаҳид намудани тоҷикони ҷаҳон ва баҳамоии онҳо нақши равшан гузоштанд.

Сиёсати бунёдкоронаю созандаи асосгузор ва таблиғгари боэътимоди сулҳи саросари кишвар дар анҷуманҳои сиёсии ҷаҳоншиносон мавқеи тозаеро касб намудааст, зеро ин фарзанди фарзонаву худогоҳ, бедордилу равшанзамир дар ҳама ҳолат ва дар ҳар замон бахти баланди худро дар саодати халқи худ дидаанд.

Баъдан Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев ва Мушовири дараҷаи 1 Пурокрори ноҳияи Рашт Талбакзода Шоҳин ба сухан баромада иштирокчиёнро  ба муносибати  ҷашни Рӯзи Президент ва 27-умин солгарди Ичлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, дар бораи ба дастории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, мухтарам, Эмомали Рахмонро дар ин самт ёдовар шуданд.

Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуда табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.