Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДУ ИНШООТИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Имрӯз, 26 июни соли 2026, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар ноҳияи Рашт боз ду иншооти муҳими иҷтимоию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак нуқтаи чоҳи амудии оби нӯшокӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ба истифода дода шуда, дар Ҷамоати деҳоти Ҷафр бошад, маркази савдои молҳои ниёзи мардум ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи иншоотҳо раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуда, зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки бунёду мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншоотҳо самараи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар партави дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

Қайд гардид, ки бунёди иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини сокинон бо хизматрасониҳои босифат ва рушди инфрасохтори ноҳия мусоидат намуда, дар ободониву пешрафти ноҳияи Рашт нақши муҳим хоҳад гузошт.

Мардуми ноҳия бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва меҳнати созанда корҳои ободониву бунёдкориро идома дода, барои истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.