Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ҶОВИДОНАИ ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

22 июни соли 2026 бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқу ҷоннисори миллат Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ҳайати раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, раисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои минтақа ва собиқадорони меҳнат ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Дар ҷараёни боздид Раисони ноҳияи водии Рашт [Рашт, Лахш, Тоҷкобод, Нуробод ва Сангвор аз оромгоҳҳои шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии миллат дидан намуда, ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи онҳо дар назди оромгоҳҳо гул гузоштанд ва бо қироати дуои хайр хотираи неки онҳоро пос доштанд.
Ҳайати меҳмонон махсусан бар сари хоки мазори Қаҳрамонони Тоҷикистон ҳозир шуда, аз корномаҳои мондагори онҳо дар роҳи таъсис ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқи тоҷик, рушди худшиносии миллӣ ва ҳимояи арзишҳои давлатдорӣ ёдовар гардиданд. Таъкид шуд, ки маҳз бо ҷоннисорӣ, матонат ва хизматҳои таърихии чунин фарзандони фарзонаи миллат пояҳои давлатдории тоҷикон устувор гардида, барои расидан ба истиқлоли давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Зимни суҳбатҳо иштирокчиён иброз доштанд, ки имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои неки ин абармардони миллат амалӣ гардида, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзандаро соҳиб шудааст.
Тазаккур дода шуд, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои таърихӣ ва омӯзиши корномаи онҳо барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва арзишҳои давлатдорӣ аҳаммияти муҳим дошта, вазифаи ҳар як шаҳрванди огоҳу масъули ҷомеа мебошад.
Дар фарҷоми боздид иштирокчиён таъкид намуданд, ки корнома ва мероси гаронбаҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва хизмати фидокорона ба халқ дар хотираи мардум боқӣ хоҳад монд.