20 июли соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Вазири корҳои дохилӣ генерал–полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни вохури бо зиёиён, аҳли ҷамоатчигӣ, ноҳияи Рашт вохӯрӣ доир намуд.
Зимни суҳбату вохӯриҳо Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. вобаста ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, аҳли зиё, олимон ва ходимони дини кишвар суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, таълимоти ғақриқонунии динӣ, фолбинию ҷодугарӣ, хурофотпарастӣ ва ҳама гуна таҳдид ва хатарҳои замони муосир фаъолияти хизматии хешро пурзӯр намуда, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.
Дар хотимаи вохӯрӣ зиёиён ва аҳли ҷамоатчигӣ омодагии худро барои ҳамкориҳои самаранок иброз дошта, зикр карданд, ки ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд, то дар ҳалли мушкилоти гуногуни ҷомеа нақши босазои худро гузоранд.