Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ЭРОДҲО ВОҚЕЪБИНОНАЮ ҲИДОЯТҲО САРИВАҚТӢ БУД

 22  майи соли 2024 дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт,  вохӯрии раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо бо кормандони соҳаи  маориф, роҳбарону омӯзгорон  ва кумитаи падару модарони  муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия  вазъи кунунии соҳаи маориф ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

    Идизода Зарина Фузайлшо дар фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия эродҳои ҷиддӣ гирифта, баҳри фавран бартараф  намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.  Аз ҷумла дар баромади худ қайд намуд, ки дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳия ба масъалаи бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди  иншоот дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда,  дар назди муассисаҳои  таҳсилоти  умумии  ноҳия паи ҳам биноҳои нави таълимию синфхонаҳои иловагӣ қомат афрохта истодаанд.

     Раиси ноҳия ба сармутахассисони шуъбаи маориф дастур дод, ки назоратро аз болои сифати таълим пурзӯр намуда, фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бозомӯзӣ карда шуда, зери назорати ҷиддӣ гирифта шавадКабинети методии шуъбаи маорифро низ ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои наву самарабахши таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баҳри беҳтаргардонии сифати таҳсилот ҳидоят кард.

Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориши қатъӣ дод, ки то 1 августи соли ҷорӣ ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумиро аз таъмири ҷорӣ бароварда, оид ба омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил гузориш манзур намоянд.