Тоҷикон аз зумраи мардумонӣ фарҳангдору тамаддунсоз мебошанд. Онҳо ва авлодони қадимаашон дар баробари дигар халқиятҳои ориётабор аз қадимулаём соҳиби фарҳанги ғанӣ буда, офарида ва расму оинашон ба тамаддуни ҷаҳонӣ чун дурдонаҳои нуқрагини пурҷило дохил шудаанд.
Ҷашни Сада аз ҷумлаи он дастовардҳое мебошад, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон таҷлил карда мешавад.
Дар таҷлили ҷашни миллӣ, ки дар ноҳия баргузор шуд муовинони раиси ноҳияи Рашт, Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохили дар минтақа ва ноҳияи Рашт, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок дошта, аз дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дидан намуданд.
Баҳри табрики ҳозирин, муовини якуми раиси ноҳия Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ ба сухан баромада, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ аз номи раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода табрику таҳният гуфт.
Ба ин ҷашнвора намояндагон аз соҳаи кишоварзӣ, аҳли фарҳангу зиё аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо дастовезҳои зиёд, намунаҳои дастранҷи хеш, молу маҳсулот, шеъру суруду оҳангҳои тоза ҷамъ омаданд.
Ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо дар ин ҷашн иштирок доштанд. Онҳо намоиши маҳсулотҳои қаннодӣ, гушту шир, мевагӣ, сабзавот, асал, мураббо ва афшураю нўшокиҳои ташнашиканро ба маърази тамошо монданд, ки мақбули иштирокчиён гардид.
Дар фарҷом Иди Садаро барномаи консертӣ, суруду навои дилошуби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия боз ҳам хушу дилписанд ва хотирмон гардонд.