Раиси ноҳия Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ КОРРУПСИЯ 

 

   Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Таърихи башар  cap то ба по пур аз мисолҳои порахӯрӣ ва ришваситонӣ мебошад, вале таҳқиқи илмии ин зуҳури номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оѓоз гардид. Замоне, ки муаррихон ҷузъиёти ин ё он зуҳур ва падидаи ришвахӯриро ба қайд мегирифтанд, андешаи ҷомеа дар атрофи он ҳамчун як амали дур аз ахлоқ, ки тобиши ҷиноятомез дорад, ташаккул меёфт.

Дар даҳсолаҳои охир ҷомеаи башарӣ ба як қатор мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли худро тақозо мекунанд. Аз ҷумлаи ин мушкилиҳо боло рафтани сатҳи зуҳуроти коррупсионӣ мебошад, ки ба амнияти давлату миллатҳо, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар умум ҳаёти инсоният таҳдид менамояд.

Маънои коррупсия “фасод” буда, ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада буд. Куруши Кабир ба муқобили фасод ва порахӯрӣ хеле мубориза бурда буд. Пора истилоҳи форсӣтоҷикӣ буда, аз замонҳои қадимтарин дар истифода вуҷуд дошт. Аз забони арабӣ калимаи “ришва” вориди забони тоҷикӣ шуда, баъдан дар адабиёт он маъмул гашта, доираи истеъмоли пораро танг кард.

Дар луғати Ғиёсуллуғот” чунин омадааст: “Ришватон чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар форсии қадим онро пора гӯянд”. Зиёда аз як аср аст, ки истилоҳи “коррупсия” аз забони русӣ вориди забони мо шудааст. Дар Машриқзамин, яъне давлатҳои исломии имрӯза пораситониро “фасоди молӣ низ меноманд. То ҳол маълум нашудааст, ки аввалин бор кай, дар куҷо пораро кӣ дода ва кӣ онро қабул кардааст.

Пайдоиши пораситонӣ ба замонҳои қадим рост меояд. Дар ҷомеаи ибтидоӣ ва давлатҳои нахустин додани маблағи муайяне ба коҳин ё руҳонӣ ба анъана даромада буд.

Даҳсолаи охир мушкилоти коррупсия ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи башарӣ ва миллатҳои алоҳида табдил ёфтааст.

Ин мушкилот заминасози таҳдидҳои мухталиф ба амнияти кишварҳо гашта, таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба худ ҷалб намудааст. Хусусан, дар замони ҷаҳонишавӣ таҳдиди ин зуҳурот баръало мушоҳида мешавад, ки боиси тақвият пайдо намудани ҷинояткории байналхалқӣ, зуҳури гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурӯши яроқ ва ҳатто инсон гаштааст.

Муҳаққиқони зиёде дар мавриди таъсири байналхалқӣ доштани коррупсия таҳқиқотҳои илмӣ ба анҷом расонидаанд ва ин зуҳуротро фаротар аз мушкилоти як ҷомеа шинохтаанд. Аз ҷумла муҳаққиқон Роберт И. Роберт, Келли М. Гринҳилл, Матсев Бунн, Ҷесика С. Тиитс, Эрика Ченовес, Бен В. Ҳейнимен муҳаққиқоне мебошанд, ки коррупсияро чун як мушкилии сатҳи глобалӣ медонанд. Онҳо исбот кардаанд, ки мавҷудияти коррупсия ба амнияти байналхалқӣ таҳдид намуда, боиси боло рафтани қочоқ, паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ, рушди терроризм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мегардад .

Дар шароити имрӯза чунин ба назар мерасад, ки нафарони ба амали коррупсионӣ дастдошта, аксари ҳолат дар мавриди паёмадҳои ин зуҳурот ба дурнамои рушди кишвар намеандешанд. Шояд онҳо чунин гумон дошта бошанд, ки амали коррупсионии онҳо ба дурнамоии рушди давлатдорӣ ва амнияти кишвар ҳеҷ як таъсире нахоҳад дошт ва ё чандон таъсири ҷиддӣ надорад.

Ба андешаи мо, ҳар гуна амали коррупсионие, ки дар як ҷомеа зуҳур менамояд, дар ин ва ё он шакл ба амнияти он ҷомеа ва ё дурнамои рушди он таъсири манфии худро мегузорад. Агар паёмадҳои манфии як амали коррупсионӣ дар имрӯз кам ба назар расад, шояд дар оянда он бузург мегардад. Барои баёни ин ҳолат давлатро ба як киштии шинодошта дар баҳр ташбеҳ менамоем ва шаҳрвандони онро сарнишинони он киштӣ.

Муҳаққиқони зиёде таъсири коррупсияро ба амнияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Онҳо таҳдиди коррупсияро ба амният ва суботи Тоҷикистон ба таври махсус қайд намудаанд. Ба андешаи онҳо ҳалли ин мушкилот яке аз мақсадҳои муҳими амниятии кишвар аст. Муҳаққиқ И.К. Асадуллоев вазифаи наҷоти миллиро дар рафъ намудани коррупия ва маҳалгароӣ дидааст . А. А. Шамолов амалӣ намудани стратегияи самараноки мубориза бар зидди коррупсияро ҷавобгӯи манфиатҳои миллии давлат ва амнияти миллии он медонад.

Зокиров Г. Н. хосияти системавӣ пайдо намудани коррупсия ва шаклҳои дигари фасодро ҳамчун таҳдиде ба амнияти давлатӣ шинохтааст. Ба андешаи ӯ амалҳои коррупсионӣ хосияти муқовиматро пайдо намуда, ба монеаи инкишофи ҷомеаи инсонӣ ва ба навъи махсуси таҳдид ба амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд .

Муҳаққиқи ватанӣ А. Имомов бошад, алоқамандии миёни коррупсия ва ҷинояткории муташаккилонаро махсусан дарҷ намуда, ба чунин хулосае омадааст, ки коррупсияи паҳнгашта дар ҷомеа заминаи мусоидро барои тақвияти ҷинояткории муташаккил ба миён меорад. Ӯ коррупсия ва ҷинояткории муташаккилонаро чун омилҳои воқеии хатарафзо ба давлат ва ҷомеа меҳисобад .

Ба андешаи мо, дар ҳама давру замон миёни коррупсия ва ҷинояткории муташаккилона алоқамандӣ вуҷуд дорад ва паҳн шудани коррупсия дар ҷомеа хатари зуҳур ва тақвият ёфтани мавқеи ҷинояткории муташаккилонаро ба миён меорад. Дар шароити Тоҷикистони имрӯза мавҷуди коррупсия имкон намедиҳад, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар хуб ба роҳ монда шавад. Хусусан, сатҳи мавҷудаи коррупсия имкон намедиҳад, ки лоиҳаҳои тавонбахшии аҳолӣ ва ҷавонон самаранок амалӣ намуда шавад.

Чунин ҳолат метавонад сабаби зуҳури ҳаргуна ҷинояткорӣ, пайванди ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тақвият ёфтани норизоият миёни аҳолӣ ва эҳтимолан ҳар гуна эътирозҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардад. Аз ин рӯ, ҳалли масъалаҳои коррупсия ва ба вуҷуд овардани фазои солими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонад кафолати амният ва суботи бардавом дар Тоҷикистон бошад.

Таъсири коррупсия ба амнияти ҷомеа метавонад ба монанди бемории тӯлоние (хроникӣ) бошад, ки ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа тадриҷан таъсири манфии худро мегузорад. Чунин таъсири коррупсияро мо метавонем дар бесаводгардии аҳолӣ ва хусусан ҷавонон, паст рафтани соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, носолимии шаҳрвандон, истеҳсолу истеъмоли молҳои зараровар ва ѓайраҳо мисол оварем, ки боиси ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гаштани ҷомеа мегардад.

Аз ин рӯ, дар шароити имрӯзаи рушди Тоҷикистон муқовимат бо коррупсия як мақсади муҳим ва рӯзмарра мебошад. Пеш аз ҳама, ба мо зарур аст, то миёни аҳли ҷомеа ва хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ чунин фаҳмишеро тақвият бахшем, ки коррупсия зуҳуроти хавфнок барои амнияти миллату давлати мо мебошад.

Ба мо зарур аст, ки сиёсати ҳамаҷониба ва фарогири зиддикоррупсиониро ба роҳ монем ва сатҳи коррупсияро дар кишвар паст намоем. Дар ин маврид зарур мешуморем, ки ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар мавриди эҳтимолиятҳои ҷой доштани унсурҳо ва омилҳои коррупсионӣ мавриди омӯзиш қарор бигирад ва чораҳои самараноки рафъи коррупсия дар ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ андешида шавад.