Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ аёдати шахсони имконияташон маҳдуд дар моҳи шарифи рамазон ба роҳ монда шуд. То имрӯз аз тарафи масъулини мақомоти иҷроия ва кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 46 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аёдат шуда, ба ҳар кадом ба маблағи 600 сомонӣ кумаки яквақтаина расонида шуд. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба нафарони табақаи ниёзманди аҳолӣ идома дорад.
Сабтҳои охирин
ТАНТАНАҲОИ 34 – УМИН СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба муносибати 34-умин солгарди ин саннаи таърихӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотии ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ баргузор мегарданд. Санаи 2 сентябри соли ҷори тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Ҷафр ва […]
ВУСЪАТИ ГУЛЗОРКУНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ободу зебо гардида истодаанд. Дар асоси ҳидоятҳои мазкур ноҳияи Рашт, махсусан маркази он – шаҳраки Ғарм бо шинонидани гулҳои рангоранг ва дарахтони зебои ҳамешасабз симои худро дигар […]
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
23 ноябри соли 2020 дар маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар чамъомад раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, муовинони раиси ноҳия, раиси Суди ноҳия, Пурокурори ноҳия, муовини якуми РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Сардори РКДАМ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт […]

