Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт рӯзи 7 март бахшида ба “Рӯзи Модар”ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки занону бонувони фаъоли ноҳия дар Қасри фарҳанг баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр ҷамъомадро кушода эълон намуда, кулли занону бонувонро ба ин муносибат табрику таҳият намуд.
Сипас раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба сухан баромада, кулли занону бонувонро бахшида ба “Рӯзи модар” табрик гуфта, зикр кард, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.
Воқеан зан -Модар азизтарин мавҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан –Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия зиёда аз 200 нафар ба занон ва бонувони собиқадору фаъоли ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро пешкаши ҳаводорон намуда, табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.