Хабарҳо

РАШТ МАЪРАКАИ ИНТИХОБОТ МУТАШАККИЛОНА ҶАРАЁН ГИРИФТ

Маъракаи интихобот ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ноҳияи Рашт дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор гардид.

Овоздиҳандагон дар участкаҳои интихоботӣ муташаккилона ширкат варзида, ба тарафдории номазадҳои аразанда ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот овоз доданд. Мавзеъҳои участкаҳои интихботӣ дар маъракаи интихоботи имсола либоси идона ба бар намуда, симои маҳалҳои аҳолинишин бо садо додани суруди миллӣ ва таронаҳои ватандӯстона ранги дигар гирифта буданд.

Тавре Ҳикматулло Мирзоев, раиси Комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихботи вакилони Маҷлиси вакилони ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, барои интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 40 ҳавза ва 65 участка таъсис ёфта буд. Дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 119 номазад ба қайд гирифта шуда буд, ки 32 нафари онҳоро занон ва 31 нафари онҳоро ҷавонон ташкил медоданд. Аз ин дар хамаи участкаҳои интихботӣ, ки ҷамъи умумии овоздиҳандагони ҳудуди ноҳия 64408 нафарро ташкил медоданд, 55545 нафар, яъне 87 % иштирок намуда, ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз доданд.

Аз ин шумораи номзадҳои ба вакилӣ интихобшуда 17 нафар занон ва 11 ҷавонон мебошанд, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ҳ. Мирзоев.