Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Қадрдонии раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода аз кормандони соҳаи матбуот.

 

Раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муқимӣ Раҳимҷон Набизода кормандони соҳаи матбуоти тоҷикро ба муносибати 111 солагии рӯзи матуботи тоҷик табрик кард.
Мавсуф зимни вохӯри бо кормандони ин ниҳод иброз дошт, саҳми матбуоти тоҷик дар рушду нумуи кишвари азизамон, бахусус  баланд бардоштани ҳисаи беинтиҳои миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа хеле зиёд аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш дастгирии соҳаи матбуотро дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор додааст. Ҳамин аст, ки дар ҷомеаи соҳибистиқлоли кишвар соҳаи рӯзноманигорӣ рушди бе майлон ёфтааст.
Пас аз хатми суханронӣ раиси ноҳия чанде аз кормандони соҳаи матбуоти ноҳияро ба сипоснома туҳфаҳои хотирави сарфароз гардонд.