24 ноябри соли 2022 дар маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, муовинони раиси ноҳия, раиси Суди ноҳия, Пурокурори ноҳия, муовини якуми РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Сардори РКДАМ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок доштанд.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ноҳия роҳпаймои сурат гирифт.
Баъд аз роҳпаймоӣ дар толори Қасри Фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Саравал муовини раиси ноҳияи Рашт Мурозода Бахтиёр ҷамъомадро бо садо додани суруди милли кушода эълон намуд.
Сипас раиси ноҳия Муқими Раҳимҷон Набизода аҳли нашастро бо рӯзи ҷашни Парчами давлати табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки Парчам яке аз рукнҳои муҳими давлатдории мо, рамзи ҳаёти осоишта, муттаҳидӣ ва ҳувияти миллӣ буда, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ василаи тарбия дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Парчам мояи ифтихори миллӣ ва арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватанӣ башорат медиҳад. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони меҳнатқарини ноҳия минбаъд низ дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардида, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор биноҳои нави замонавӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу кӯшиш менамоянд.
Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.