Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бо хабарнигорони матбуоти даврӣ дар як руҳияи баланди масъулиятшиносӣ баргузор гардид. Ибтидо раиси ноҳия оид ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар шаш моҳи сипаригардидаи соли равон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
– Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои судманд бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаш моҳи соли равон соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба мушкилоти давраи навин нигоҳ накарда, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, гуфт дар суҳбат раиси ноҳия.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 151 млн. 690,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати соли гузашта 621,7 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Бунёди 69 га боғҳои нав ва барқарорсозии 74 га боғҳои куҳна ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якуми соли равон 71 га боғҳои нав бунёд карда шуда, 83 га боғҳои куҳна барқарор гардиданд. Дар ҳамаи шаклҳои кишоварзӣ дар майдони 7488 га кишти зиротҳо гузаронда шудааст, ки нисбат соли гузашта 210 гектар зиёд мебошад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 3136 га расонда шуд, ки нисбат ба нақша 89 га ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1027 га зиёд мебошад.
Барои боз ҳам зиёд намудани кишти картошка дар ноҳия шароит мавҷуд аст. Яъне беш аз 1000 га замини ҳосилхезро аз он сабаб истифода бурда нашуд, ки бинобар сабаби вайрону корношоям гардидани коррез ва каналҳои куҳна обёрӣ намудани онҳо ғайриимкон гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар танҳоӣ аз таъмири онҳо баромада наметавонад. Дар ин самт ба дастгирии бевоситаи Агентии беҳдошти замин ниёз дорем.
Ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла, дар мавзеи «Дашти беоб»-и Ҷамоати деҳоти Ҳоит 2,5 км қубурҳо хобонда шуданд, ки маблағи корҳои ба анҷом расондашуда 1 млн 300 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бо дастгирии обистифодабарандагон корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар масофаи 8 км дар канали “Намуна”-и Ҷамоати деҳоти Ҳоит, Қарашаҳр 1 ва 2, Ҳисорак 1 ва 2 дар масофаи 33 км дар Ҷамоати деҳоти Ясман ва Сари Шухони Ҷамоати деҳоти Аскалон дар масофаи 7 км ба маблағи 52370 сомонӣ ба анҷом расонда шуд.
Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали “Мардумӣ” дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, бо ба истифода супоридани он зиёда аз 100 га заминҳо обёрӣ карда мешаванд.
Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 12 млн. 80,6 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 млн. 620,3 ҳазор сомонӣ ё 35,4 фоиз кам мебошад. Сабаби кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1814 тонна кам гардидани истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм мебошад. Агар корхонаи мазкур дар нимсолаи якуми соли гузашта ба маблағи 7 млн. 601 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда бошад, ин нишондод дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 3 млн. 697 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 3 млн. 904 ҳазор сомонӣ ё 51,4 фоиз кам гардидааст.
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва сармояи хориҷӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо итминони комил гуфта метавонам, ки иҷрои содиқонаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои сокинони ноҳияи мо файзу баракати зиёд меоварад ва то охири сол дар ин самт корҳои зиёдеро бо сарбаландӣ иҷро хоҳем кард, – гуфт дар хатми суҳбат Раҳимҷон Муқимӣ.
Дар хатми нишасти матбуотӣ раиси ноҳия ба саволҳои зиёди хабарнигорон посухҳои саҳеҳу равшан дод.