Аксҳо Хабарҳо

ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

     Таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардид.

Маркази ноҳия – шаҳраки Ғарм субҳи  6 сентябр фазои идона ба бар намуда, намоиши ҳунарҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар таҷлили ин ҷашни миллӣ Соҳибҷон Зиёдуллоев, муовини аввали директори Агентии захираҳои модии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт ва сардорони мақмоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа иштирок дошта, аз дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дидан намуданд.

Баъди дидан намудан аз намоиши дастовардҳо Раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода паёми табрикии худро бахшида ба ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кард.

Сипас С. Зиёдуллоев сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати мамлакат ба муносибати ин ҷашни бузурги таърихӣ табрик гуфт.

Баъди табрикоти С. Зиёдуллоев ба якчанд нафар фаъолони соҳаҳои мухталифи ҷомеа ифтихорномаю сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи раиси ноҳия супорида шуд.

Роҳпаймоӣ аз тарафи кормандони ташкилоту муассисаҳо, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар қишри ҷомеа  дар кўчаи марказии ноҳия бо шукӯҳи хос таҷлил гардид. Дар рафти роҳпаймоӣ қироати суруду таронаҳои ватандўстона, гулчини суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рақсу таронаҳо ва қироати сурудҳо аз тарафи ҳунармандони бахши театри халқии ноҳия, инчунин  ҳофизаи шинохтаи кишвар Фарзонаи Файз тариқи фиттаҳо садо доданд.

Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур ба худ шукӯҳу шаҳомати хос дошта, ба аҳли тамошобинон таасуроти амиқ бахшида, хеле хотирмон сурат гирифт.