Дар деҳаи Хулаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави таълимӣ барои 160 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Бинои қаблии муассиса бар асари заминларза хароб гардида буд. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинони деҳа, дар муҳлати кӯтоҳ бинои нави таълимӣ бунёд […]
Author: rasht
ҚАДАМЕ БА СӮЙИ ОБОДӢ: РОҲИ ДЕҲАИ ҚУЛО АСФАЛТПӮШ ГАРДИД
Дар деҳаи Қулои Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва бо ташаббуси сокинони деҳа роҳи дохилии маҳалла ба масофаи 1 километр аз ҳисоби аҳолӣ пурра асфалтпӯш карда шуд. Иҷрои ин иқдоми созандагӣ барои ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёт, рафтуомади сокинон ва дар маҷмӯъ, беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар […]
ОБОДОНӢ РУКНИ АСОСИИ РУШДИ НОҲИЯИ РАШТ:
Дар ноҳияи Рашт бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ бо маром идома доранд. Дар доираи шанбегии навбатӣ дар ҳудуди ноҳия корҳои тозагиву ободонӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон корҳои сохтмонӣ, мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ ва обмонии дарахтони ороишӣ, аз ҷумла арчаҳо, анҷом дода шуданд. […]
ҶАФР: ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БО РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ
Дар Ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавии идона баргузор гардиданд. Чорабиниҳои ҷашнӣ бо роҳпаймоии идона оғоз гардида, дар он сокинони ҷамоат, ҷавонон, фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштироки фаъолона намуданд. Иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии […]
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ИФТИХОР
Дар Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд. Барномаи ҷашнӣ бо роҳпаймоии идона оғоз ёфта, сокинон, ҷавонон, фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар он иштирок намуданд. Пас аз роҳпаймоӣ чорабинии тантанавии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он […]
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АСКАЛОН
Дар Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд. Барномаи ҷашнӣ бо роҳпаймоии идона оғоз ёфта, сокинон, ҷавонон, фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар он иштирок намуданд. Пас аз роҳпаймоӣ чорабинии тантанавии сиёсӣ–фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он […]
4 КИЛОМЕТР РОҲ ҚАДАМЕ БА СӮИ ОБОДӢ
Дар ноҳияи Рашт корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати баланд идома доранд. Дар ҷамоати деҳоти Аскалон бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракат барои сокинон мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳаҳо идома дорад. Дар доираи ин иқдом зиёда аз 4 километр роҳ асфалтпӯш карда мешавад. […]
МУЛОҚОТИ СУДМАН БО ФАЪОЛОНИ РАШТ
24 августи соли 2026 дар ноҳияи Рашт мулоқоти раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Мулоқот дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Зимни мулоқот раванди корҳои ободонию созандагӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои […]
ҚАДАМИ НАВ ДАР РОҲИ БЕҲТАРИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ
Дар ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ, Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маросими ифтитоҳи иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор […]
ТАБИБОН МУҲОФИЗОНИ СОЛИМИИ ҶОМЕА
Ҳамасола 18 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Ин сана ба зодрӯзи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик — олим, файласуф ва табиби маъруф, Абуалӣ ибни Сино, рост меояд. Ба ин муносибат ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои гуногуни идона баргузор мегарданд. Дар ин […]






