Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон дар ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти томактабии №3 «Саодат»-и Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи […]
Хабарҳо
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ОИД БА ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ, ТАЪРИХ, ИНФРАСОХТОР ВА ШАХСИЯТҲОИ БАРҶАСТАИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НУСРАТУЛО МАХСУМ
1. Маълумоти таърихӣ ва умумӣ Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум яке аз воҳидҳои маъмурию ҳудудии ноҳияи Рашт буда, дорои таърихи бой, анъанаҳои неки миллӣ, захираҳои инсонӣ ва имкониятҳои мусоиди рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Ҷамоат соли 1931 таъсис ёфта, ба ифтихори яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи халқи тоҷик — Нусратуло Махсум номгузорӣ шудааст. Нусратуло Махсум дар таърихи […]
ЗАМИНҲОИ ТАШНАЛАБ ОБЁРӢ МЕШАВАНД
Дар ноҳияи Рашт бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи самараноки захираҳои об, таъмиру барқарорсозии каналҳои обёрӣ оғоз гардид. Аз ҷумла, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъанак бо истифода аз техникаҳои мавҷуда корҳои таъмири канал дар соҳили дарёи Сурхоб идома доранд. Ин иқдом дар доираи корҳои созандагию ободонӣ […]
МЕҲРГОН — ҶАШНИ ФАРОВОНӢ ВА БАРАКАТ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Дар ноҳияи Рашт ҷашни бостонии Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, ба намоиши дастовардҳои кишоварзӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон ва тарғиби суннатҳои неки ниёгон табдил ёфт. Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор буда, рамзи фаровонӣ, баракат, меҳнатдӯстӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ба шумор меравад. Ин ҷашни пурифтихор бо фасли заррини тирамоҳ, ҷамъоварии […]
Паёми табрикоти Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо бахшида ба таҷлили ҷашни Меҳргон
Хушбахтона, бо азму талош ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон дигарбора эҳё шуданд. Ҳамин муҳаббат ба миллат ва давлат аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, сол ба сол бошукӯҳ таҷлил мегардад. […]
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НӮҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2026 бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои […]
ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ БА 80 ОИЛАИ НИЁЗМАНДИ НОҲИЯИ РАШТ
Бо мақсади дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ва беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои ниёзманд, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба 80 оилаи эҳтиёҷманд, аз ҷумла оилаҳои дорои маъюбон, нимятимон ва оилаҳои камбизоат, кумаки моддӣ дар шакли ангишт пешниҳод гардид. Дар доираи ин иқдоми хайрхоҳона ба ҳар як оила 400 килограмм ангишт ҷудо карда […]
ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ФАЛАК» ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Имрӯз, 9 октябри соли 2026, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ ба муносибати Рӯзи Фалак чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду оҳангҳои фалакӣ, ки таҷассумгари таъриху фарҳанг, эҳсосу ормон ва рӯҳи баланди миллати тоҷик мебошанд, ба чорабинӣ ҳусни […]
РАШТ — РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА ИФТИХОР
Ноҳияи Рашт бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои пайдарпайи худ дар арсаи ҷумҳурӣ мавқеи шоистаро касб намуда, боиси ифтихору сарфарозии сокинонаш гардидааст. Иштироки фаъол ва натиҷаҳои назаррас дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин бону» бори дигар аз иқтидори баланд, ташаббускорӣ ва нақши арзандаи бонувони ноҳия дар ҳаёти ҷомеа шаҳодат медиҳад. Солҳои охир ноҳияи Рашт дар озмуну […]
ҶАШНИ ЗАБОН ВА ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Имрӯз, 5 октябри соли 2026, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолон, собиқадорон ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани табрикии Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии […]










