Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Суханронӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт

22.09.2021 18:30, ноҳияи Рашт Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини арҷманд! Ҳамаи сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Рашт ва шумо ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарафманду сарбаланд ва фарҳангсолору тамаддунсози мо неъмати бузургтарину бебаҳои зиндагӣ, рамзи ҳастии миллати фарҳангсолору тамаддунсози тоҷик ва […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Иштирок дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт

22.09.2021 18:45, ноҳияи Рашт 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар маркази ноҳияи Рашт бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иштирок намуданд. Нахуст Пешвои миллат […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар ноҳияи Рашт

22.09.2021 11:40, ноҳияи Рашт 22 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гуруҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд. Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ифтитоҳи боғчаи «Ахтарак» дар ноҳияи Рашт

22.09.2021 09:50, ноҳияи Рашт 22 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғчаи «Ахтарак» дар ноҳияи Рашт  ифтитоҳ гардид. Иншооти таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ифтитоҳи манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Рашт

22.09.2021 09:30, ноҳияи Рашт Дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуд. Иншооти нав дорои шароити муосир барои зиндагӣ буда, дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои хизматчиёни давлатӣ сохта шудааст. […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ба истифода додани бинои ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт

22.09.2021 09:20, ноҳияи Рашт 22 сентябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навободро ифтитоҳ намуданд. Бинои мазкур дар масоҳати умумии 620 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад. Сохтмони он моҳи […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар ноҳияи Рашт

22.09.2021 08:23, ноҳияи Рашт 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои води Рашт дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Шулеи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти рақами 35-ро, ки дар майдони умумии 720 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ба истифода доданд. Иншооти мазкур […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Шиносоӣ бо фаъолияти боғдорон дар боғи интенсивии «Пайванд-Рашт»

21.09.2021 21:00, ноҳияи Рашт 21 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуданд. Боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” 5 соли қабл дар масоҳати 6 гектар аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонӣ дар ноҳияи Рашт

21.09.2021 17:45, ноҳияи Рашт 21 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати маркази хизматрасонии мазкур 3 ҳазору 194 метри мураббаъ буда, аз таҳхона ва се ошёна иборат аст. Сохтмони […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Оғози сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт

21.09.2021 15:30, ноҳияи Рашт 21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд. Дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо […]