Дар ноҳияи Рашт боз як корхонаи нави саноатӣ — сехи дӯзандагӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти нави истеҳсолӣ Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуда, бо шароити фаъолият ва имкониятҳои истеҳсолии сех шинос гардиданд.
Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти рушди саноати маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ифтитоҳи сехи дӯзандагӣ туҳфаи арзанда ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бозгӯи иқдомҳои созанда дар роҳи ободонӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

