Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТӢ ҲОИТ

Санаи 3 ноябри соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт дар ҳайати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати Ҷамоати деҳоти Ҳоит бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Ифтитоҳи иншооти мазкур иқдоми муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии сохторҳои ҳифзи бехатарӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии кормандони соҳаи оташнишонӣ ва таъмини амнияти сокинони ҷамоат ба шумор меравад.
Зимни маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани чунин иншооти муҳими хизматӣ дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ ба кормандони соҳа ва вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки мавҷудияти чунин маркази хизматрасонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит барои пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва таъмини амнияти аҳолӣ аҳаммияти хосса дорад.
Ифтитоҳи бинои нав қадами дигар дар роҳи ободонӣ ва рушди инфрасохтори хизматрасонии ҷамъиятӣ дар ноҳияи Рашт буда, ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.