Дар Ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Чорабинии идона бо шиносоии Раиси ноҳия аз намоиши дастовардҳои сокинони ҷамоат, маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули заҳмати дастони ҳунармандон оғоз ёфт. Зимни боздид ба ташаббусҳои созанда, иқтидори ҳунармандӣ ва саҳми сокинон дар ободонию пешрафти диёр таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид карданд, ки ин санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми сарнавиштсоз дошта, ҳамчун шоҳсутуни низоми ҳуқуқии кишвар, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ хизмат менамояд.
Зикр гардид, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватани азиз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ як қатор фаъолони Ҷамоати деҳоти Ясман барои саҳми арзанда дар корҳои ҷамъиятӣ, ободонию созандагӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоии ҷамоат бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи чорабинӣ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ ва ҳунарнамоии аҳли фарҳанги ноҳияи Рашт идома ёфта, аз ҷониби шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши сокинону меҳмонон гардонида шуд.
Чорабинии мазкур дар фазои шодию нишот ва ифтихори баланди миллӣ баргузор гардида, бори дигар эҳтироми сокинонро ба Конститутсия, арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷассум намуд.

