Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ЗАМИНҲОИ ТАШНАЛАБ ОБЁРӢ МЕШАВАНД

Дар ноҳияи Рашт бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи самараноки захираҳои об, таъмиру барқарорсозии каналҳои обёрӣ оғоз гардид.
Аз ҷумла, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъанак бо истифода аз техникаҳои мавҷуда корҳои таъмири канал дар соҳили дарёи Сурхоб идома доранд.
Ин иқдом дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ, обёрии саривақтии заминҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин равона шудааст.
Ташкилоти пудратчӣ нақша доранд, ки корҳои таъмиру барқарорсозиро дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида, барои истифодаи самараноки иншооти обёрӣ ва таъмини деҳқонон бо оби полезӣ шароити заруриро фароҳам оваранд.