Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи устод Рӯдакӣ — рӯзи арҷгузорӣ ба поягузори адабиёти классикии тоҷик, абармарди фарҳангу адаби миллӣ ва гиромидошти забону фарҳанги пурғановати миллати тоҷик чорабинии фарҳангӣ-адабӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рашт Хушмаҳмадзода Фарзона, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, устодону омӯзгорон, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик дар таърихи фарҳанги миллати тоҷик ҷойгоҳи хосса дошта, осори гаронбаҳои ӯ барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сарчашмаи маърифату худшиносии миллӣ хизмат менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ устодони Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии устод Рӯдакӣ, мақоми осори ӯ дар ташаккули адабиёти тоҷик ва нақши мероси адабии шоири бузург дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯёну хонандагон қироати ашъори устод Рӯдакӣ, барномаи адабӣ-бадеӣ ва дигар саҳнаҳои фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бозгӯи эҳтироми амиқ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик буда, барои арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, адабиёти миллӣ ва таҳкими худшиносии насли наврасу ҷавон аҳамияти муҳим дорад.

