Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм, ҳайкали шоири маъруф ва чеҳраи шинохтаи адабиёти муосири тоҷик Меҳмон Бахтӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи ҳайкал Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Ҳайкали Меҳмон Бахтӣ ҳамчун нишони эҳтиром ба аҳли илму адаб ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарҳангиву адабии кишвар, ба муҳити фарҳангии шаҳраки Ғарм ҳусни тоза зам намуда, барои таҳкими ҳисси худшиносӣ, эҳтиром ба мероси маънавӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву фарҳангпарварӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.
Бунёди чунин мавзеъҳои фарҳангӣ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозгӯи сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди фарҳангу маънавиёт ва гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат мебошад.

