Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм сехи нави қаннодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сехи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти хушсифати қаннодӣ бунёд гардида, дар самти рушди соҳибкорӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии ноҳия иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти нави истеҳсолӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Ба истифода додани чунин иншооти истеҳсолӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бозгӯи таваҷҷуҳ ба рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон дар ноҳияи Рашт мебошад.

