Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҶАФР:  ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БО РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

Дар Ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавии идона баргузор гардиданд.

Чорабиниҳои ҷашнӣ бо роҳпаймоии идона оғоз гардида, дар он сокинони ҷамоат, ҷавонон, фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштироки фаъолона намуданд. Иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ аз масири роҳпаймоӣ гузаштанд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣфароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид. Ҳунармандони маҳаллӣ ва ҷавонони фаъол бо суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу намоишҳои фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ заминаи асосии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии кишвар мебошад. Ҷашни 35-солагии Истиқлол имкони хубест барои арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандӣ.

Тантанаҳои идона дар Ҷамоати деҳоти Ҷафр бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, баёнгари эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва муҳаббати сокинон ба Ватан буданд.