Дар ноҳияи Рашт бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ бо маром идома доранд.
Дар доираи шанбегии навбатӣ дар ҳудуди ноҳия корҳои тозагиву ободонӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон корҳои сохтмонӣ, мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ ва обмонии дарахтони ороишӣ, аз ҷумла арчаҳо, анҷом дода шуданд.
Тадбирҳои мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдомҳои пайвастаи раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳандозӣ гардида, ба беҳтар намудани симои ноҳия, ободии муҳити зист ва фароҳам овардани шароити созгор барои сокинон равона шудаанд.
Бо иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон корҳои ободонӣ дар тамоми қаламрави ноҳия идома дошта, барои боз ҳам зебо ва хуррам гардидани муҳити зист тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

