Хабарҳо

4 КИЛОМЕТР РОҲ ҚАДАМЕ БА СӮИ ОБОДӢ

Дар ноҳияи Рашт корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати баланд идома доранд.
Дар ҷамоати деҳоти Аскалон бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракат барои сокинон мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳаҳо идома дорад. Дар доираи ин иқдом зиёда аз 4 километр роҳ асфалтпӯш карда мешавад.
Мумфарш намудани роҳҳои дохилии деҳаҳо на танҳо ба ободии муҳити зист, балки ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум, осон шудани рафтуомад ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Ин иқдоми созанда дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Роҳҳои обод  нишонаи рушди маҳал ва заминаи зиндагии шоистаи мардум мебошанд. Дар ноҳияи Рашт ин раванд бо азму иродаи созанда идома дошта, ҳар як қадами ободонӣ ба пешрафти деҳот ва боз ҳам зебову пешрафта гардидани диёри Рашт мусоидат мекунад.