Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АСКАЛОН

Дар Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.
Барномаи ҷашнӣ бо роҳпаймоии идона оғоз ёфта, сокинон, ҷавонон, фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар он иштирок намуданд.
Пас аз роҳпаймоӣ чорабинии тантанавии сиёсӣфарҳангӣ баргузор гардид. Дар он аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши сулҳу субот дар пешрафти ҷомеа таъкид карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунармандони маҳаллӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу таронаҳои миллӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ фазои идонаи чорабиниро боз ҳам пуршукӯҳ гардониданд.
Тантанаҳои ҷашнӣ дар Ҷамоати деҳоти Аскалон бори дигар аз он шаҳодат доданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва заминаи асосии ободиву пешрафти Ватан мебошад.