Китоб ганҷи бебаҳои илму маърифат бувад,
Фурӯғи ақлу нури дил аз саҳифаҳояш сар занад.
Дар ноҳияи Рашт бо мақсади тарғиби фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва иҷрои сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш ва фурӯши китоб баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаҳои гуногун ва доираи васеи сокинон иштирок намуда, аз китобҳои ба намоиш гузошташуда боздид ба амал оварданд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо намоиши китобҳо иброз дошт, ки китоб сарчашмаи асосии дониш, омили рушди тафаккур, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, бояд мутолиаи китобро ба як одати ҳамарӯза табдил диҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо ҳисси баланди масъулият аз китобҳои гуногуни илмӣ, таърихӣ, сиёсӣ, бадеӣ ва маърифатӣ харидорӣ намуда, саҳми худро дар рушди фарҳанги китобхонӣ ва ғанӣ гардонидани захираи китобхонаҳои муассисаҳо гузоштанд.
Ин иқдом боз як далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба рушди илму маърифат ва татбиқи сиёсати фарҳангии давлат буда, барои баланд бардоштани завқи мутолиа, таҳкими маърифати шаҳрвандон ва эҳтиром ба китоб ҳамчун сарчашмаи дониш аҳаммияти хос дорад.
Намоиш ва фурӯши китоб дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён имконияти муносиб фароҳам овард, то китобҳои тозанашр ва арзишмандро дастрас намуда, ба хазинаи маънавии худ ва китобхонаҳои муассисаҳо ғановат бахшанд.

